22 Сентябр 2015
Ассалому алейкум ҳамшаҳриёни азиз!
Мардуми шарифи Қайроққум чун дигар сокинони Тоҷикистон ва мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон Иди Қурбонро ки саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд. Ба муносибати Иди саиди Қурбон ҳамаи Шумоёнро ҳамдиёрони азиз самимона табрик мегӯям ва ба ҳамаатон хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу менамоям.
Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикӣ ба муносибати Иди Қурбон ба маврид зикр намудаанд: «Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд».
Ҳамчунин ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоди соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем. Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд.
Дар ин рӯзҳои шодию нишот бори дигар фарорасии Иди Қурбонро ба тамоми ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони шумоён ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат ва файзу баракат орзу менамоям.
Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамшаҳриёни азиз!