30 Сентябр 2015
Субҳи дируз дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум вохӯриҳо бо зиёда аз 500 нафар ҷавонон аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 4,5,7 ва 13 фаъолони ҳизб ва волидони муҳассилин оиди баромади Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, ҳодисаҳои фоҷиабори санаи 04.09.2015 дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гузаронида шуд.
Вохӯрӣ аз тарафи мудири шӯъбаи кор бо бонувон Бадалова Саёҳат, мудири шӯъбаи ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» Анис Ҳотамӣ, аъзои ихтиёрии «Созандагони Ватан» - Амонов Санҷар гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндаи шӯъбачаи шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум Кассиров Наврӯз иштирок ва баромад намуд.
Дар баромади худ Бадалова Саёҳат дар бораи хиёнати бузурге, ки аз тарафи муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим ва тарафдорони ӯ ба миллату давлат расонида шуда, дар ҳодисаҳои нангини рӯйдода намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро нисор карданд, муфассал маълумот дод. Тамоми иштирокчиёни вохӯрӣ хиёнати муовини вазири мудофиа ва тарафдорони ӯро маҳкум намуда, барои ҳифзи амнияти Тоҷикистони азиз омода буданашонро иброз намуданд. Мудири шӯъбаи ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан», Анис Ҳотамӣ, аъзои ихтиёрии «Созандагони Ватан» Амонов Санҷар бо хонандагон мафҳумҳои терроризм ва экстремизмро шарҳ дода, бо онҳо саволу ҷавобро ба роҳ монданд.
Мавлуда Рафиева