07 Октябр 2015
Имруз, 7 октябр дар толори хониши китобхонаи марказии шаҳри Қайроққум бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҶТ семинари омӯзишӣ минтақавии кормандони китобхонаҳо аз шаҳрҳои Истиқлол, Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Б.Ғафуров барпо гардид.
Директори китобхона Бибиомина Мирзоева семинарро ифтитоҳ намуд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода иштирокдорони ҳамоишро аз номи Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум хайра мақдам гуфта, аз таърихи шаҳр ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ муфассал маълумот дод.
Дар семинар маърӯза ва гузоришҳои Салима Раҷабова, муовини директори китобхонаи миллии Тоҷикистон, Муҳаммадиқбол Атоев, сардори шуъбаи матбуоти даврӣ, Муҳаббат Имомова, сардори шуъбаи рисолаи илмӣ, Ҷамил Валиев, сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи миллӣ ва Нуралӣ Мирзоалиев, сармутахассиси Вазорати фарҳанги ҶТ оид ба нақши китоб дар бунёди оилаи солим, омӯзиши илм дар пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, гиромидошти анъанаҳои миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, ҷалби ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳаи фарҳанг шунида шуд. Баргузории чунин семинарҳо баҳри тарғиби китоб, илму фарҳанг ва худшиносии миллӣ заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.