12 Октябр 2015
Ҷиҳати таъмини тозагӣ дар доираи ҳамовозию амалисозии қарори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода аз 5 январи соли 2015, №2 «Дар бораи эълон намудани рӯзи санитарӣ» ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту корхонаҳо, Ҷамоати шаҳракҳо, муассисаҳои таълимӣ ва кулли шаҳрвандон рӯзи шанбе-10 октябр ба ҳашар баромада Маркази шаҳр, минтақаи фароғатӣ ва шаҳракҳоро аз партовҳо тозаю озода намуданд.