Матни равон

Мафҳуми кӯтоҳназарӣ чист? Нишони он дар чӣ зуҳур мекунад? Ба ақидаи рӯшанфикрон, маърифатпарварон кӯтоҳназарӣ ин андешаи солим, вусъатбор надоштан асту манзари чашмгир надоштан, маънои зиндагиро нафаҳмидан, баҳои ҳақиқӣ нагузоштан ба заҳмати мардум – кашшофон, эҷодкорон, бунёдкорон, деҳқонону кишоварзон – хулоса, хурду бузургсолон, ифтихор надоштан аз шахсиятҳои маъруфу машҳур – зуҳури кӯтоҳназарист.

Равиши зиндагӣ касро ба камол расидан, пеш аз ҳама, ба худи ҳар шахс вобаста мебошад. Яке солимфикру солимандеша ба воя мерасаду афсӯс, ки баъзеҳо ба қадри зиндагӣ, ҳаёт ва заҳмати волидайн, давлату Ҳукумат, албатта, ғамхориву дастгириҳо ва азму талошҳояш нарасида, мисли дарахти бепайванди беҳосил мемонад. Ин хеле ва хеле афсӯсбор аст.

Азбаски аз арзишҳои зиндагӣ бебаҳра мемонад, мисли он ки мори саркӯфта худро ба ҳар тараф, ба ҳар кӯю дар мезанад, ба гуфтаи халқӣ, беақлу бетамиз ба воя мерасад. Мисоли хори марғелон мешавад. Ба гумроҳиву ҷаҳолату нодонӣ, бесаводиву ногоҳии инсонӣ ғӯтавар мегардад. Оқибат ба ифротгароӣ, мардумозорӣ ва бешафқатӣ – ҷаҳолату экстремизм мубтало мегардад- ҳамин шахси ноогоҳ аз лаззати ҳаёти инсонӣ бехабар.

Як лаҳза ба андеша меоем: аксари таҳлилҳои бо ном «ходимони динӣ», аз ҷумла ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ-саркардагону думравони он мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Кӯри Юнус (ҳамон Саидюнуси Истаравшанӣ), Шоҳнаим Карим ва дигар пайравони ҳизби ифротгароӣ на бахшида ба дастовардҳои фановарӣ, балки дар заминаи хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, дасисаву каззобӣ, амалҳои зиддиинсонӣ дар асоси супоришҳои душманона, ноодамӣ ва ҳисси бадбинии хоҷагони хориҷиашон, бо мақсади бо роҳи зӯрӣ ва зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, доду фарёд мезананд, ҳарза мегӯянд, зеро ки худи онҳо савдоиву ноқисулақланд.

Коршиносону таҳлилгарон бар он ақидаанд: онҳо, яъне ифротгароёни ақлкӯтоҳ, қонуну қонуниятро риоя намекунанд, ҳаракатҳои онҳо дар фарҷом маънои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, инсонбадбинӣ пайдо мекунад. Дар илми динии андӯхтаашон наҳзатиҳои бегонапараст ва ифротӣ шарҳу тафсирҳои рӯякӣ ҷойи воқеиятро мегирад.

Дур намеравем, солҳои навадуми асри гузашта онҳо - исломгароёни наҳзатӣ бо баҳонаи дини мубини ислом хуни бародар – тоҷиконро рехтанд, сарзамини моро ишғол карданӣ шуданд, ғасб намуданро мақсад доштанд. Имрӯз онҳоро – гумроҳу бегонапарастони наҳзатиро террорист мегӯем ва ба ин асос ҳам дорем. Мавъизаҳои муллоҳои нохонда, ноогоҳ ба мисли М.Кабирӣ, М.Садриддин, А.Шерзамонов, С.Истаравшанӣ, Ш.Карим, М.Салимпур моро аз ободкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ, саодати оянда маҳрум сохтанианд. Мо мегӯем: шумоён бо чеҳраи манфур, кизбу дурӯғатон ва бо шабакаҳои бебунёдатон – «Ислоҳ нет», «Паём нет», «Наҳзат орг», «Ахбор ком» ба боди фано меравед, воқеият шумоёнро ба гирдобаш мекашад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,

сармуҳаррири ҳафтаномаи «Соҳил»

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3718
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18216
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:74294
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7716214

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?