Матни равон

Дар Ватани маҳбубамон – Тоҷистони биҳиштосо барои тамоми шаҳрвандон новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбияту забон, имконоту шароити баробари иқтисодиву иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, озодии сухан ва виҷдон комилан муҳайёст. Дар назди қонун ҳама баробар ҳастанд. Бо нафаре, ки ба қонун итоат накард, тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда, албатта, пурсиш мешавад. Зеро волоияти қонун муқаддасу муаззам мебошад. Аз ин рӯ нисбат ба шахсони ифротгарои хиёнаткор рӯзе пурсиш мешавад ва онҳо дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.

Бо дидаи бино ва эҳсоси комил мазмун ва маъно мебардоем: солҳои охир терроризм ин падидаи номатлуб, экстремизм ин вабои аср ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусиятҳои экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Медонем: вақте ҳадафҳои пинҳонкоронаи саркарда ва аъзои ҲНИ (ин ҳизби ифротгаро дар Тоҷикистон тибқи қонун фаъолияташ манъ гардидааст)-барбод рафтанд, имрӯз дар кишварҳои Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун гурезаҳои сиёсӣ оворагардӣ мекунанду ҳарзагӯӣ доранд. Мисоли Муҳиддин Кабирии ватангадо ва Кӯри Юнуси бесаводу бадавлод ва дигар пайравону думбардорони Кабирии хоину савдозада. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба амалҳои бешарафона даст мезананд.

Афсӯсбор аст: мавқеъгириҳои духӯраи давлатҳо ва ташкилотҳои муғриз намегузорад, ки терроризм ва ифротгароӣ аз бехаш нобуд шавад. Имкониятҳое, ки дар Аврупо барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ барои ҲНИ муҳайё гардида истодааст, барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто, берун аз он хатарзост. Аз ин рӯ хоинон ба сафсатафурӯшӣ ва дағдаҳои бепоя ва бебунёд мехоҳанд ҷавҳари созандагӣ ва ободкории мардумро нобуд созанд.

Боре Кабирии хоин ва косалесаш Саидюнуси Истаравшанӣ ба худ савол диҳанд, ки барои миллат ва пойдориҳои ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон чӣ коре кардаанд, ба ҷуз иғвову дасисаҳо. Офтобро бо доман пӯшонида намешавад – мегӯяд ҳикмати халқӣ. Ҳамин Кӯри Юнуси чаласаводу ҳарзагӯи бемаслак чӣ корҳои ношоистаро кардааст? Кӯри Юнус дар ҳамкорӣ бо чанд ашхоси ҷиноятпеша – Кабирӣ ва дигар нафарони кундзеҳн барои амалӣ сохтани ормонҳои касифи худ, бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ соли 2008 шабакаи «Кимёи саодат»-ро таъсис дода, аз соли 2015 инҷониб ҳамарӯза даҳҳо маводҳои дорои ақидаҳои террористию экстремистидоштаро, ки боиси расонидани зиён ба давлати Тоҷикистон мебошад, бо забони тоҷикӣ ба нашр мерасонад. Бо ин амал пули ҳаром меғундорад аз хоҷагони хориҷиаш. Ӯ ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони ифротгарои худ аст. Сухан ин ҷост, ки хоҷагонаш ин лӯхтакро дар саҳна бо нақши сиёҳ бозӣ медоронанд. Нафрат ба ту Кӯри Юнус.

Фирӯза Ҷӯраева,

хабарнигори «Соҳил»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4360
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8738
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64816
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7706736

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?