Матни равон

Нимаи дуюми рӯзи 19-уми октябр сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома ёфт.

Дар оғози боздид аз ин ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи “Қайроққум-Ашт” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ Қайроққум-Ашт аз тарафи Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ шудааст.

Фармоишгари лоиҳа «Маркази иҷрои лоиҳаҳои бахши электроэнергетикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи  Барқи Тоҷик мебошанд. Пудратчӣ ширкати «Калпатару»-и Ҳиндустон аст.

Лоиҳа корҳои сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум-Ашт», навсозии зеристгоҳи «Қайроққум» ва зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ «Ашт»-ро дар бар гирифта, маблағи умумии он баробар ба 11, 2 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Масофаи умумии хатти нави интиқоли барқи Қайроққум-Ашт 74,3 километр буда, бо насби 181 сутунпоя он ноҳияи Аштро бевосита ба ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст мекунад.

Мавриди зикр аст, ки хатти нави интиқоли барқи “Қайроққум-Ашт” аз неругоҳи Барқи обии шаҳри Қайроққум тавасути 181 сутунпоя интиқол ёфта, ба сокинони ноҳияи Ашт хизмат мерасонад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди хати нави интиқоли барқро ба сокинон ва ҳозирин  муборакбод гуфта, ба бинокорон барои иҷрои ин кори муҳим баҳои баланд дод.

Президенти мамлакат иброз дошт, ки давлату ҳукумат тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ин ки масъалаи камбуди барқ пурра аз байн бардошта шавад.

Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон он рӯз дур нест, ки бо татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ расад.

Президенти мамлакат мардумро ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ҳидоят намуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3084
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15264
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48863
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690783

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?