Матни равон

24 декабр дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат текстайл»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат  текстайл” моҳи январи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат” ва Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”, соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо амалишавии марҳилаи дуюм дар корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳо 120 дастгоҳи худкори бофанда, 10 дастгоҳи дӯзандаи нӯги ҷӯроб, 3 дастгоҳи дарзмол насб гардида, дар корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо  2 дастгоҳи нақшофарии силикон ва 114 дастгоҳи худкори бофанда гузошта шуд. Инчунин 120 адад дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо харидорӣ гардида, моҳҳои наздик ба корхона ворид карда мешавад. Таҷҳизоти мазкур аз ширкатҳои пешқадами Италия, Туркия, Германия ва Федератсияи Россия харидорӣ гардидаанд.

Бо ба истифода додани марҳилаи дуюми корхона ва воридоти таҷҳизоти насли нави корӣ дар баробари истеҳсоли ҷӯроб, ҳамчунин имконият фароҳам гардид, ки тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ — дастпӯшҳои корӣ ба роҳ монда шавад.

Фаъолсозии марҳилаи дуюми корхона иқтидори истеҳсолии “Ваҳдат текстайл”-ро афзоиш дода, истеҳсолот аз 19 миллиону 200 ҳазор ба 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол расонида шуд, ки ин иқдом ҳам барои қонеъсозии талаботи дохилии мамлакат ва ҳам ба афзоиши иқтидори содиротӣ мусоидат намуд.

Дар марҳилаи дуюми корхона 100 нафар сокини маҳаллӣ пас аз курсҳои бозомӯзӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, дар маҷмӯъ дар ду марҳила 400 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Ба иттилои масъулин, дар марҳилаи сеюм ҳам шумораи ҷойҳои корӣ афзоиш дода мешавад ва ҳам ҳаҷми истеҳсолот зиёд хоҳад гашт.

Бояд зикр кард, ки феълан ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар баробари бозори ватанӣ, ҳамчунин дар хориҷ аз кишвар низ серхаридор аст. 95 фоизи маҳсулоти ҷамъият ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россияву Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешавад. Айни замон Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат текстайл” тамоми навъи ҷӯробҳоро мувофиқ ба талаботи бозор, фасли сол ва синну сол ба роҳ мондааст ва сифати баланду дизайни зебо имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он дар дохилу хориҷ рақобатпазир бошад. Ҳамчунин афзалияти дигари маҳсулоти корхона дар он аст, ки 80 фоизи таркиби ҷӯробҳои он аз пахта буда, дар доираи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад.

Иброз гардид, ки “Ваҳдат текстайл” дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, коргоҳ истеҳсолотро пурра дар асоси пахтаи ватанӣ роҳандозӣ намудааст. Яъне ин иқдом имконият медиҳад, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба кишвари содироткунандаи маҳсулоти босифати саноатӣ табдил ёфта, дар ин баробар, вобастагии бозорҳои мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гӯшаи намоишии корхона, ки доимоамалкунанда мебошад, боздид намуданд.

Дар ин ҷо тамоми навъҳои маҳсулоте, ки дар корхонаи “Ваҳдат текстайл” истеҳсол мегарданд, ба намоиш гузошта шудааст. Иброз гардид, ки технологияи муосири корӣ имконият медиҳад, ки сифати баланди маҳсулот таъмин карда шавад. Айни замон барои мардҳо, занон ва кӯдакон навъҳои гуногуни ҷӯроб истеҳсол гардида, ҳамчунин барои варзишгарон низ ҷӯробҳои махсуси варзишӣ аз ҷониби корхона пешниҳод карда мешавад.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулот ва таҷҳизоти кории корхона баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1233
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17580
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51179
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7693099

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?