Матни равон

Ҳамшаҳриёни азиз!

Мо дар остонаи соли нави мелодии 2021, соли таърихӣ ва соли ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамагонро табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳри Гулистон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.

Соли 2020 барои мо соли хотирмон ва тақдирсозу таърихӣ буд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ баргузор гардиданд. Ин ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони мо доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати миллии тоҷикон ва ба тақвияти нуфузу обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азиз мусоидат карданд.

Соли 2020 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2020 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд. Ҳамзамон, соҳаҳои истеҳсолӣ низ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, саноатчиёну сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи кишвар хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузоштанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расида, садҳо муассисаҳои нави таълимиву тандурустӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд. Барои кишвари мо соли 2020  дар самти сиёсати хориҷӣ низ соли бобарор ва соли таҳкиму тақвияти нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буд.

Сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» низ дар радифи намояндагони дигар манотиқи кишвар дар соли 2020 ғайратмандона меҳнат карда, дар татбиқи сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собитқадамона саҳми арзишманди худро дар рушду нумуи давлати соҳибистиқлоли худ гузоштанд.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми соли 2020 ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Ба иқтисодиёти шаҳр 108,8 миллион сомонӣ сармоягузорӣ ҷалб гардидааст.

Доир ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳо ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд. Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ густариш ёфта,  тибқи нақша ва нақшаҳои иловагӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ватандӯст ҷараён дорад.

Бояд зикр кард, ки дар давоми се сол ифтитоҳи чордаҳ иншооти ҷашнӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, кӯдакистонии «Парасту», истироҳатгоҳи «Суғдиён» ва дигар корхонаву коргоҳҳои саноатӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 154 иншоот ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ сохтмон, бунёд, тармим ва азнавсозӣ гардида, дар натиҷа зиёда аз 1200 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Итминони комил дорам, ки мо бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи худ ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли нави 2021 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавиирода ва заҳматқарину ватандӯсти Гулистонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

 

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1548
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11272
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:67350
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7709270

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?