Матни равон

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати корӣ таҳти раёсати Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои зерсохтори мақомот, раисони маҳаллаҳо, сардорони муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ ва сохтмонии шаҳр ва дигар шахсони масъул доир гардид.

Дар ибтидо ҷараёни рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба ин масъала гузориши муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода шунида шуд. Зикр гардид, ки дар маҷмўъ, дар давоми солҳои 2018-2020 тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 157 иншооти нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ сохтмон, бунёд, тармим ва азнавсозӣгардидааст.

 

Боиси ифтихор аст, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 иншооти ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Аз ҷумла: майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, кўдакистони “Парасту”, мактаби санъат, меҳмонхонаҳои иловагӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”, барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳр, корхонаи арматурабарории ҶДММ “Маҳмуд ва Компания”, коргоҳи коркарди коғаз дар ҳудуди ҶДММ “Сахо ва Компания”, коргоҳи истеҳсоли ришта дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, фабрикаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли гўшти мурғ дар ҶДММ “Мурғи аълосифат”, истироҳатгоҳи “Суғдиён” ва оғози ҷараёни азнавсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”.

Зимни таҳлили масъалаи мазкур Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба таҷзияи ҳаматарафаи нақшаи чорабиниҳо, сатҳу сифати иншооти бунёдмегардида, муҳлатҳои он, иншооти сохтмонаш тӯлкашида ва дигар муаммоҳои мавҷуда, аз ҷумла доир ба иншооти бунёдгардидаи ғайринақшавӣ ибрози назар намуда, дастур дода шуд, ки барои ба нақшаи чорабиниҳо бо дарназардошти бунёди иншооти ғайринақшавӣ тағйироту иловаҳо дароварда шаванд.

Сипас масъалаи ободониву хуррамгардонӣ ва вазъи беҳдошти маркази шаҳр ҳамчун яке аз марказҳои асосии сайёҳии вилоят мавриди таҳлил ва вазифагузорӣ қарор дода шуд. Ба минтақаҳои шаҳр доир ба тавсеаи корҳои ободонӣ масъулин вобаста карда шуданд.

Дар фарҷоми машварати корӣ Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба таҷдиди даромадгоҳи ғарбии шаҳр, вусъати ниҳолшинонӣ, вазъи боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”, рангубори биноҳои истиқоматӣ, чароғонкунӣ ва ободонии кӯчаҳои дохилии маркази шаҳр, ивази партовгоҳҳо, густариши корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ доир ба сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ, корбарӣ бо усули гардиши хона ба хона, зимистонгузаронӣ, ғанигардонии буҷет, иваз намудани шиору лавҳаҳои фарсудаву куҳнашуда ва амсоли ин ба масъулин мушаххас вазифагузорӣ намуд. Зикр гардид, ки соли ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки беш аз пеш масъулиятшинос шуда, дар иҷрои саривақтии вазифаҳо саъю кӯшиши ҷиддӣ ба харҷ дода шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:396
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1291
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1687
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10599
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57440
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:62892
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3696262

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?