Матни равон

Кирдорҳои ба доираи инсонӣ ноғунҷонро кӣ ба бор меоварад? Ин суолест, ки ҷавоби дастаҷамъонаро аз ҳар як шахси солим талаб мекунад: терроризм ва ифротгароӣ, ки ба ҷисму ҷони одам, ба фазои ороми кишвар, ба пешрафту шукуфоии ҳаёт бераҳмона таҳдид менамояд, ин аст кирдор, амал ва мақсадҳои нопоки тӯда ва ё гурӯҳи ҷоҳилону разилон шинохта шудааст.

Аз васоити ахбори омма маълум аст, ки имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои ҷаҳон ҷангҳои харобиовару бераҳмиву бешафқатиҳои зиёд давом мекунад. Ин боиси қурбониҳо ва аз даст додани ҳаёту ҷони ҳазорҳо-ҳазор одамони бегуноҳ, занону кӯдакони маъсум шуда истодааст. Ҳарчанд тамоми давлатҳо барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуби замон-терроризм ва ифротгароӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд, мутаассифона хатару даҳшату тарсу ҳарос беш аз пеш авҷ гирифта истодааст-ин проблемаи хеле бузург аст.

Терроризм ва саркардагони ин равияи номатлуби ҷонкоҳ ҳамавақт аз номи поки дини Ислом сӯиистифода карда, даст ба қатлу ғорат ва таҳдиду хатарҳои калон мезананд. Ҳама аҳкоми шариатро шарм надошта, билкул ба манфиати шахсӣ, мақсади нопоку разилонаи хеш истифода мебаранд. Аз гуноҳ ва савоб гӯши кар доранд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксар ташкилоти террористӣ ба эътиқоди динии шахсони худногоҳу камсаводу беирода таъсир расонида, онҳоро бовар кунонданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳо мебошад. Бинобар ин масъулон ва ходимони динро зарур ва шарт аст, ки дар ин самт корҳои таблиғоту ташвиқоти ҳадафмандро дар байни мардум, алалхусус, ҷавонон боз ҳам таъсирбахшу ғаразноки ин тоифа ба мардум бо суханони боварибахшу асоснок бифаҳмонанд.

Дониши илми асоснок ҳамавақт дар роҳи некӣ ва адолат пойдор мондааст. Аз ин лиҳоз илму дониш дар ягон замон душмани дину имон набуд. Гуфтаи машҳури шоир-Дониш андар дил чароғи равшан аст, исботи нуру сафои мақсади инсони шариф мебошад. Аммо баъзе шахсон-диндорони камсавод ва чунонки мардум мегӯянд, чаласавод-донам, надонам ба таҳлилу тарафҳои ҳавоӣ машғулӣ дошта, мардумро ба роҳи сарбаста мебаранд. Аз ин рӯ худогоҳиву худшиносӣ, маърифату маънавиётамонро бар муқобили ҳама гуна зуҳуроти аз одоби одамӣ берун устуворона гузорем. Ва аҳамияти ҷиддӣ додан ба таълиму тарбияи насли наврас ҳам аз ҷониби омӯзгорон ва ҳам аз ҷониби падару модарон шарти зарурӣ ва муҳим мебошад.

Фирӯза Ҷӯраева,

«Соҳил»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3749
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11171
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89558
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629403

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?