Матни равон

Дастовардҳои сиёсии солҳои охири кишвар, ки дар маҷмӯъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат буда, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ба пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт такони ҷиддӣ бахшидааст.

Зеро сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки шаҳрвандон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи шаҳрвандон ва бахсусу ҷавонон вогузор аст. Ҷавонон бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доранд, қадр кунанд ва ҳифз намоянд. Чанд нуктае дар мавриди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ:

Пешгирии ҳама гуна амалҳое, ки боиси ноустувории асосҳои маънавии ҳаёти ҷомеа мегардад, пеш аз ҳама маҳдуд кардани таблиғи бераҳмию зӯроварӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад. дар ин раванд наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.

Вале ба ҷои ин, бисёр вақт танқиди бамавриду бемавриди ҷавонон ва шикоят аз онҳо ба назар мерасад. Яъне аксари калонсолон ба ҷои тарбияи ҷавонон танқид кардани онҳоро одати худ қарор додаанд.

Чунин шахсон гоҳо ҳикмати халқро фаромӯш мекунанд, ки "ҳар чӣ киштӣ, ҳамон медаравӣ".  Имрӯзҳо Ҳукумати кишвар ба таҳкими низоми таҳсил дар кишвар ҳамаҷониба мусоидат намуда истодааст. Зеро маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст. Аз ин рӯ, инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад. Самти асоситарини рушди маориф аз нигоҳ доштани фазои ягонаи таълим, таъмини ҳатмии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дастрас гардонидани таҳсилот иборат аст.

Роҳи дигари пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ин ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон, тануманду солиму қавирӯҳ ба камол расонидани онҳо вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа мебошад. Имрӯзу ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷаҳонбинии солим, маърифати баланди сиёсӣ, дониши замонавӣ, омодагии касбӣ, соҳибмаърифативу соҳибфарҳангӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшиносии ҷавонон вобаста аст.

Абдураҳмонов АҲЛИДДИН,

мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:850
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2689
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:850
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15744
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:850
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:69884
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3774514

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?