Матни равон

Имрӯз замоне расидааст, ки моҳият ва мақоми андешаи миллии тоҷикон мавриди омӯзиш ва баррасии ҷавонон қарор гирад. Андешаи миллиро ҷавонон бояд ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояву шуур, унсурҳои ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ карда, ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Чунки маҷмӯи дастовардҳои маънавӣ, ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, ки тоҷиконро дар тӯли асрҳо аз нобудшавӣ раҳо сохта, ба ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намудааст, тараққиёти бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии моро фаро мегирад.

Ҳамзамон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир бояд восита, роҳҳо ва шаклҳои татбиқи андешаи миллиро дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсат ва амният, ки хусусияти миллӣ ва симои маънавию сиёсии моро нигоҳ медорад, пайдо намуда, тадриҷан он амалӣ сохта шавад. Андешаи миллии тоҷикон аз тамаддуни ориёӣ ва таълимоти Авасто ибтидо гирифта, дар оини деринаи давлатдорӣ ва афкори мутафаккирони давраҳои гуногуни таърихӣ мақоми хоса дорад.

Таркиб, моҳият ва мазмуни андешаи миллиро муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи пурифтихор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ ғояи асосии давлати миллиро ташкил медиҳад.

Андешаи миллӣ равандҳои дохилии иттиҳоди миллатро ташаккул дода, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд, ба онҳо рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мебахшад.

Чунончӣ, китоби муқаддаси Авасто ҳар фарди бедордилу худогоҳро даъват намудааст: "Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигоҳ дор ва халқи худро тарк накун”!.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, фарзанди миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва Ватани ободу мустақил мебошанд. Ин давлати соҳибистиқлол барои имрӯзу ояндаи онҳо ба андозаи имкон шароит муҳайё сохтааст.

Ҳукумати кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳирнамуда, хоҳони он аст, ки ҷавонони имрӯза ва созандагони фардои Ватан баробари омӯхтани забони модарӣ ва илму дониш, азбар намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи моҳиронаи технологияи муосир ва дастовардҳои соҳаи компютерӣ, аз таърихи куҳан, мероси гаронбаҳо ва анъанаҳои пурарзиши фарҳанги миллии тоҷикон огоҳ бошанд ва аз миллати қадимаву сарзамини аҷдодии худ ифтихор намоянд.

Ин роҳ ҷавононро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамо месозад ва имкон намедиҳад, ки онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ҳамроҳ гардида ба амалҳои ғайриинсонӣ даст зананд. Дар ин баробар ҷавононро лозим аст, ки аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар босамар истифода намуда, баҳри рӯзгори осоишта ва ободу зебо гардонидани Ватани азизи худ кӯшиш намоянд.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2192
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11916
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:67994
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7709914

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?