23 Октябр 2015
23-юми октябр Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти фабрикаи заршӯӣ ва иштироки бевосита дар ифтитоҳи тӯйхонаи «Ҳидоят» ба шаҳраки Консой сафари корӣ анҷом дод.
Хамчунин Раиси шаҳрро дар ҷараёни сафар муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Сайдулло Гардуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳӣ карданд.
Дар соли рушди фарҳанг, ки дар қаламрави вилоят эълон шудааст оилаи Сафаровҳо тасмим гирифтанд, ки барои баргузории маросимҳои шодию нишоти ҳамдиёрон тӯйхонаро бо маблағи 386 ҳазор сомонӣ бунёд намоянд. Иншооти номбурда ба хотири гиромидошти модари азизашон «Ҳидоят» номгузорӣ шуд. Фарзандони марҳум Нарзулло ва Ҳидоят Сафаровҳо бародарон: Рустаму Ҷамшед, Фирдавсу Фарҳод ва Исомиддин бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов тӯйхонаро бунёд намуданд. Корҳои таъмину тармим ва ороиширо бинокорони шаҳраки Консой иҷро кардаанд, ки басо ҷолибу диққатҷалбкунанда мебошад. Тӯйхона дорои 150 ҷойи нишаст буда, 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Баъди пазироии самимии сокинони шаҳрак Раиси шаҳр ва ҳамроҳонашро бо садои карнайу доира иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Сайдулло Гардуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода дар ифтитоҳи иншооти фарҳангии «Ҳидоят» иштирок намуданд.
Раиси шаҳр ва меҳмонон бо буридани лентаи рамзӣ фаъолияти тӯйхонаро ибтидо гузоштанд. Хатнасӯри чор нафар дӯстрӯякон аз оилаҳои ниёзманд аз нахустин иқдоми хайри соҳибмулкон буд, ки мавриди баҳои баланди Раиси шаҳр қарор гирифт ва ба наврасон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби меҳмонон тақдим гардид.
Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода, ҳузурдоштагони ҳамоишро ба шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ, саъй баҳри сулҳу субот ва оромии ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват кард.