Матни равон

Сокинони шаҳри Гулистон ва шаш ҷамоати шаҳракҳои тобеи он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо рӯҳбаландӣ ва дастҷамъона тамошо намуданд.

Аз ҷумла, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомот ва зерсохторҳои ондастаҷамъона тамошо карда шуд. Аз соли 2001 шурӯъ гардида, ҳамасола Паёми Президинти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паёми навбатӣ 20-умин Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

ДарПаёми навбатӣ бурду бохти як соли таърихӣ ва басо душвори кишвар арза дошта шуд. Тавре, ки зикр гардид, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

Новобаста аз вазъи мавҷуда дар кишвар соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфтаст.

Дар Паёми имсола фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2020 баррасӣ гардида, барои соли 2021 ба ҳамаи соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки “Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу равони тоза гирифта, баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва сазовор истиқбол намудани ҷашни таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона фаъолият менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:201
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4070
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10498
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40463
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7682383

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?