23 Октябр 2015
Фабрикаи заршӯии ҶМ ТКММ «Апрелевка» бо ваҷҳи фарсудагии таҷҳизот ва хатти технологӣ то соли 2001 аз фаъолият бозмонда буд. Баъди таҷдиду ворид кардани хатҳои замонавии коркарди маъдан корхона боз ба кор сар карда, дар он коркарди маъдани тиллою нуқрадор роҳандозӣ шуда буд.
Айни замон дар ин ҷо 153 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, ки аз инҳо 22 нафарашонро бонувони маҳалӣ ташкил медиҳанд. 23-юми октябри соли равон баъди ифтитоҳи тӯйхонаи «Ҳидоят» Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва ҳамроҳонаш ба фабрикаи заршӯӣ ташриф оварданд. Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти фабрика ба васлкунии хатти асосии технологии дуюм Раиси шаҳр бо пахши тугмаи корӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшид.
Бо ҳадафи афзун намудани самаранокии фаъолияти истеҳсолии корхона, зиёд намудани баҳрабардории металлҳо ва маъданҳои сулфидноки кони Бургунда дар фабрикаи заршӯии ҶМ ТКММ «Апрелевка» иловатан боз 2 чалаки нави ҳаҷми ҳар яктоаш 180 м3 васл карда шуд. Ин иқдом барои дароз кардани ҷараёни ишқорони ва баланд бардоштани ҳосилнокии металл равона шудааст. Барои сохтан ва васли чалакҳо ҳамагӣ 1 млн. 100 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид. Корҳои лоиҳакашӣ, банақшагирӣ, сохтмон ва васл аз санаи 10 июли соли равон оғоз ёфта 23 октябри соли 2015 ба итмом расид.
Бо ба истифода додани 2 адад чалаки ишқорони вақти ишқорони аз муҳлати нақшавии 24 соат то 72 соат расонида шуда, бо хароҷоти на он қадар зиёди сианиди натрий, ҳосилнокии тилло ба 8% ва нуқра ба 13% афзун гардида, иловатан боз 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
-Ин тадбир имконият медиҳад, ки коркарди маъданро дар ҳолати паст шудан ба 700-750 тонна дар як шабонарӯз расонем. Дар ифодаи асл нишондиҳандаҳои ҳосилнокии тилло иловатан ба 40 кг. ва нуқра 260 кг. дар як сол меафзояд, ки корхона метавонад ҳаҷми истеҳсолотро ба 1 миллиону 620 ҳазор доллари ИМА зиёд кунад, - зимни баромад зикр дошт директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода, Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба сухан баромаданд. Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова ба 16 нафар фаъолони коргоҳ шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорид ва зикр дошт, ки имрӯз теъдоди аъзоёни ҲХДТ дар «Апрелевка» ба 300 нафар расидааст. Баъдан ба машъалони истеҳсолот Раиси шаҳр ва меҳмонон мукофотҳои арзишмандро тақдим намуданд.