Матни равон

Пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣЯке аз масъалаҳои умдаи Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Ба хотири амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, амалисозии нуктаҳои дар ҷаласаи васеъи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ зикрёфта ва ба самъи шаҳрвандон расонидани баромади директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (августи соли 2015) Рустами Эмомалӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, тадбиқи фармони Президенти мамлакат дар бораи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти №250, аз 30 сентябри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум санаи 26 октябр вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Наимҷон Саломов ва ваколатдори фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёати номбурда Султонмурод Исломов иштирок доштанд.

Пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ Чорабиниро Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуда оид ба зуҳуроти хавфноки ҷомеа, аз байн бурдани он ва дар ин самт ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳадафи ҷоннок кардани муқовимат бо коррупсия ҳарф зад. Баъдан сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Наимҷон Саломов дар мавзӯи «Пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ» баромад карда таваҷҷуҳи  ҳозиринро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва масоилҳои дар боло зикр гардида ҷалб ва маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки соли равон 9 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби шаҳрвандони шаҳри Қайроққум сар задааст, ки ин боиси нигаронист.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода таъкид дошт, ки тибқи нақша-чорабинии Шӯрои шаҳрӣ тамоми самти фаъолиятро баҳри пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ равона намуда, дар кадом шакле набошад онро маҳкум менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1029
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10023
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43622
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685542

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?