26 Октябр 2015
24-25 октябри соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни вилоятии варзиши сабуки кӯдакон бо иштироки дастаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд байни иштирокчиёни синну соли 14-15- сола доир гардид.
Дар озмуни мазкур дастаи шаҳраки Адрасмон, ки ғолиби мусобиқаи шаҳрӣ гардида буд, фаъолона иштирок намуда, аз рӯи намудҳои ҷаҳидан ба дарозӣ (писарҳо), ҷаҳиши сегона (писарҳо), давидан ба масофаи 200м (писарҳо), ҳаво додани найза (духтарҳо) ва эстафетаи 4х400 (духтарҳо) 5 медали дараҷаи 3-ро соҳибӣ карданд.