Матни равон

Дар замони имрӯз, ки асри илму техника ва ҷаҳонишавӣ аст, ҳоло ҳам баъзе аз ашхоси ноогоҳ даст ба хурофотпарастӣ  мезананд ва суханҳои бемаъниву беасоси гӯё бобову бибӣ ва гузаштагонро асоси роҳи зиндагии худ медонанд. Дар китоби ду ҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (Москва, 1969), ки  луғати  тафсирии забони классики тоҷикист ва тақрибан 45 ҳазор калимаю ибораро дарбар гирифта, дар вақташ аз тарафи Академияи илмҳои Тоҷикистон зери назари донишмандону адибони  забардасти мо тартиб дода шудааст, дар мавриди мафҳуми “хурофот” чунин омадааст: “Сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос”.

Албатта, намешавад гуфт, ки хурофот ва дин як чизанд ё ба ҳам тавъаманд. Ҷанбаи муҳимтарини ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини Ислом ахлоқ аст.  Вақте ки аз Муҳаммад (с) пайғамбар мепурсанд, ки дин чист? Дар ҷавоб мегуяд: “Ахлоқи ҳамида аст”. Ахлоқ аз масъалаҳои муҳими илм ба ҳисоб меравад ва бо сиёсат, ҳуқуқ, санъат, фалсафа, дин барин шаклҳои шуури ҷамъиятӣ зич алоқаманд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки гузаштагони мо бо дастовардҳои арзишманди илмиву ахлоқии худ дар тӯли садсолаҳо ба рушди маънавии башарият саҳми беназир гузоштаанд. Президенти кишвар дар мулоқоти худ бо ҷомеаи кишвар дар моҳи майи соли 2018 доир ба ин масъала чунин ибрози назар намуданд: “Дар ин самт, омӯзиши таълимоти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам ва дигар фарзандони фарзонаи халқи тоҷик — Муҳаммад ал-Бухорӣ, Абӯҳафси Кабири Бухороӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯҳакими Самарқандӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мотуридии Самарқандӣ ва дигарон, ки дар рушди илму ирфон ва донишу фалсафаи башарӣ ҳиссаи арзишманду бебаҳс гузоштаанд, бисёр муҳим мебошад”.

Вале хурофот аз боварии кӯркӯрона ба бофтаю сохтаҳо дар атрофи аҳкоми динӣ низ пайдо мешавад, ки онро хурофоти динӣ маноманд. Иддае аз аъзои ҷомеаи мо, мутаассифона, имрӯз гирифтори хамин гуна хурофот гардидаанд, ки ба рушди инсон, инкишофи илму техника ва пешрафти соҳаҳои гуногун таъсири манфӣ мерасонад.

Хурофот дар аксари маврид мардумро гирифтори худ сохта,   барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешавад. Аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизест, ки аз доираи дин ва аҳкоми он берун аст. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот чизест, ки исбот нашуда, бештар бофтаву сохта аст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмӯи асотиру қиссаҳо, ривоят, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба ақл, донишу маърифат, мантиқ ва воқеият созгор нестанд. Аз ин лиҳоз, хурофотпарастӣ аз пайравии ақидаҳои ботил ва беасос иборат буда, ақоиду боварҳое, ки онҳоро шахси хурофотпараст пайравӣ мекунад, ба дараҷаи фарҳанг ва фаҳмишу дониши он ҷомеа, ки ин шахс фарди он мебошад, ҳеҷ қаробату иртиботе надоранд.

Хурофот, нодонӣ, макру ҳиял, ҷаҳолатро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкоми аркони ислом, шариат ва Расули Акрам маҳкум менамоянд ва онро қабул надоранд.

Хурофот асосан аз нодонӣ, маҳдуд будани донишу маърифат ва   ҷоҳилии одамон сар мезанад. Он аз шавқу ҳаваси зиёд, хаёлпарастӣ ва боварӣ ба чизҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури инсон берун мебошад низ пайдо мешавад. Хурофот ин боварӣ ба чизи беасос ё ғайриилмӣ дар мавриди ашё ва нақши падидаҳо дар ҷаҳон аст, ки ин боварӣ дар асоси тақлид шакл гирифта, одатан бо манфиатҳо пайваста аст. Бинобар ин хурофот бо муъҷиза ва тилисм ҳамроҳ аст. Аз ин ҷо, хурофот боварӣ ба қувваи фавқулодаи сеҳромозест, ки аз олами тахайюлӣ сарчашма гирифта, бо фарҳанг омехта гардида, тавассути аъзои ҷомеа ҳамчун як амри табиӣ пазируфта шудааст.

Бинобар ин, ҷомеаи имрӯзаро зарур аст, ки ба хурофот ва хурофотпарастӣ дода нашаванд ва суханҳои беасосу бемаъниро асоси роҳи зиндагии худ интихоб накунанд ва дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳамқадами замон шудан кӯшиш намоянд.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:877
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2689
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:877
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15744
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:877
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:69884
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3774541

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?