Матни равон

Санаи 3-юми марти соли 2021 Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон ба ин шаҳрак сафари корӣ намуд.

Дар ибтидо Раиси шаҳр аз ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дидан намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2007 амволи идораи маъдани Олтинтопкан харидорӣ шуда, бо ин мақсад ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” таъсис ёфтааст. Минбаъд барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ то моҳи июни соли 2009 сохтмони фабрикаи бойгардонӣ идома ёфта, хатти аввали фабрикаи мазкур худи ҳамон сол бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз намуда буд. Иқтидори фабрикаи бойгардонӣ коркарди 300 ҳазор тонна маъдан дар як сол мебошад, ки дар он ҷо коркарди маъдан ва истеҳсоли консентрати сурб, рӯҳ ва хокаи мис ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои худуди вилоят ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 3390 нафар корманд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ҳиссаи корхона дар соҳаи саноати шаҳру вилоят назаррас мебошад.

Сипас, дар бинои маъмурии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” бо иштироки роҳбарияти корхона, масъулини соҳаи саноат ва дигар шахсони масъул машварати корӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳр иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва хирдадмандонаи сарони олии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар-Тоҷикистону Чин дар мамлакат корхонаи муштарак бунёд гардидааст, ки фаъолияти самарабахш дорад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода дар ҷамоати шаҳраки Зарнисор  қабули шаҳрвандон доир гардид.

Дар қабули дирӯза шаҳрвандон оид ба масъалаҳои таъмири муассисаи таълимии №10, системаи гармидиҳӣ, масъалаи норасоии оби нӯшокӣ, нарасидани мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказӣ, таъмири бом ва гирду атрофи беморхона, аз ҷумла, шуъбаи сироятӣ, масъалаи хонаи истиқоматӣ, таъмири роҳҳо муроҷиат намуданд.

Раиси шаҳр ҷиҳати ҳалли мушкилот масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд.

Ҳамзамон, ба масъулини ҷамоати шаҳрак нисбат ба чора андешидан доир ба масъалаҳои ободонии шаҳрак, роҳҳо, чароғонкунии кӯчаҳо, шинонидани дарахтон ва ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлати кӯтоҳ супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:530
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13862
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7177
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739567

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?