Матни равон

Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!

Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буда, нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯ мебошад. Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад. Дар ин росто, ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст.

Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.

Ҳар як нафар аввалин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.

Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад.

Имрӯзҳо модарони сарбаланди шаҳрамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд. Бо ташаббусҳои созандаи худ як гӯшаи Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Бо шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шуд.  Натиҷаи ин сиёсати оқилона аст, ки занони қавииродаву боҷасорат ба арсаи васеи сиёсат ворид гардиданд. Дар баробари ин, мавқеи зан-модар дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким ёфта, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа барои модари тоҷик майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномӣ муҳайё гардид.

Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, як қатор барномаҳо ва нақшаю тадбирҳоро дар амал татбиқ намуда, ин равандро мунтазам тақвият медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки алҳол иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи баланд расидааст. Алҳол 50 фоизи аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 200 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғуланд. Алҳол беш аз 700 нафар занони ҳунарманд, ба ривоҷу такомули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, намадбофӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ, ресандагӣ дар маҷмӯъ ба беш аз 20 ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки зан чароғи хонадон, сарчашмаи ҳама эҳсосоти зиндагибахш ва машъали роҳнамои ҷомеа мебошад. Боварӣ дорам, ки модарону бонувон ва хоҳарони гиромии шаҳру шаҳракҳои Гулистон масъулияти азалии худро ба ҷо оварда, бо фазлу ҳикмат ва бо меҳру муҳаббат ҷомеаи моро бо ҳама эҳсосоти пок ва ҳаётбахшу офаридагор саршор мегардонанд.

Тамоми модарону бонувони гулистониро ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон як ҷаҳон шодиву сурур, тансиҳативу рӯзгори хуш, комрониву саодатмандӣ ва комёбиҳои беназири фаъолияту зиндагиро орзумандам.

Идатон муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:966
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14298
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7613
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7740003

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?