Матни равон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ одилонаю дурандешона таъкид карданд: «…терорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад…Тероризм ва ифротгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбори худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».

Боиси ифтихори мо ва пасояндагон аст, ки абармардони илму адаб, мутафаккирони ҷаҳоншумулу бошарафи халқи тамаддунофари тоҷик илму дониш, маърифату фарҳанг ақлу хирадро воситаи муҳими тарбияи инсони комил, инкишофу рушди ҷомеа ва васоити ҳифзи Ватан меҳисобанд.

 

Шахсе, ки пироҳани илму дониш ба бар кардааст, онро чун сипару ҷавшан аз кулли офатҳо ва сангпартоиҳои рақибонаш эмин нигоҳ медорад, чунки одами зираку ҳушёр, боҳушу гӯш дар ҳамагуна носозгориҳо ва пасту баландиҳои рӯзгор чӣ кор кардан ва чӣ тавр рафтор карданашро аз рӯйи ақли солим ва ақлгароӣ анҷом бахшад. Ҳар як инсони соҳибақл бояд ба амали ноҷою нопоки худ аҳликул- кулли ҷомеаро бадном насозад, ба мисли он ки шахсони ҷангҷӯй ҳамавақт дар фарҷом ноком гардидаанд. Шоири бузург - Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин таъкид кардааст:

Ақли ҷузвӣ ақлро бадном кард,

Коми дунё мардро ноком кард.

Маълум аст, ки бар асари воқеаю ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми асри гузашта, бо васвасаи душманони миллат ва ҳомиёни хориҷӣ баъзе ашхос ва гурӯҳҳои ифротию ифротгаро фосидони фитнаангез сар бардошта, фаъолияти ҷудоиандозӣ касб карда, дар пойи худ, дар пойи халқи хеш  беандеша теша зада, бегонапарастӣ намуда, худ ва даҳҳо нафар ҷавононро ба гирдоби раҳгумӣ андохтаанд.

Ҳатто дар марҳалаи нави рушди Ватани азизамон гурӯҳҳои ифротию ифротгаро ва тундрав аз амалиёти ғайриқонунию зишти хеш даст кашиданӣ нестанд.

Аҳли зиё ва равшанфикронро ҳушдор месозад, ки бо фаъолияти сиёсӣ, илмӣ-эҷодӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ дар шаклгирии ақлу хиради оммаи мардум саҳмгузору масъулиятшинос бошем. Зеро бар хилофи сиёсати ифротгароию ашхоси ифротӣ танҳо ақлгароиро гузоштан самаранок хоҳад буд, чунки аз рӯйи ақлу хирад рафтор кардан дар лаҳзаҳои вазнину тақдирсоз аз ниёгони ҳушманди мо ҳамчун мерос омадааст. Бояд аз ҳама шароити муҳайёбуда саривақт ва пурсамар истифода барем ва барои ҷилавгирии баъзе ҷавонон аз шомилгардидан ба гурӯҳу ҳаркатҳои ифротгаро, ифротӣ ва тундрав саҳмгузор бошем.

Зарураст, ки дар ин кор лаҳзае ба ғофил мондан аз кирдори хиёнаткории афроде ё гурӯҳе пешгирӣ накардани аъмоли зишти эшон роҳ дода нашавад, чунки дар акси ҳол метавонад рафтори бемасъулиятонаю ношоистаи онҳо боиси нокомии ҷомеа, заминаи ташвиқу тарғиби бегонапарастию зиддимиллиро ба вуҷуд орад.

Муқаддас Ризоева,
омӯзгори МТМУ-и №7 ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:40
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5075
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:40
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:82010
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7723930

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?