30 Октябр 2015
30-уми октябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) доир гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид.
Баъди садо додани Суруди миллӣ вакилон котиботи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз хафт банд тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи аввал «Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №252 “Дар бораи тасдиқи Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016” мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрхои дастгоҳи раиси шаҳр Лоҳур Назришозода баромад кард. Вакил аз ҳавзаи интихоботии №4 Мавҷуда Собирова ба музокира баромада андешаҳои хешро иброз дошт.
Доир ба масъалаи дуюми иҷлосия “Дар бораи тасдиқ намудани “Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Қайроққум барои солҳои 2016-2020”мудири шуъбаи иқтисод ва савдо Маҳбуба Шодиева ба сухан баромад. Абдумалик Содиқов, вакил аз ҳавзаи интихоботии №11 ба музокира баромада таҳияи Барномаро саривақтӣ шуморид ва аз вакилон хоҳиш кард, ки онро тасдиқ намоянд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр сипас аз рӯи масъалаи сеюм ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг Юнус Сабуров вакил аз ҳавзаи интихоботии №23-ро шуниданд. Онро низ вакилон ба маълумот гирифтанд. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №13 Райҳона Хамзалимова ба самъи вакилон расонида шуд.
Доир ба масъалаҳои панҷум ва шашуми иҷлосия “Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон” ва “Дар бораи муқаррар намудани фоиз барои сохтмон ва азнавсозии биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷра, хонаҳои истиқоматӣ ва коттеҷҳо” мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ Муҳаммад Тошматов маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ҳамчунин, қарорҳои Раиси шаҳр оид ба таъиноти кадрӣ ва дар бораи ҷудо намудани маблағ аз 22 июни соли 2015 то 30 октябри соли равон қабул шудаанд, вакилон тасдиқ намуданд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба иҷлосия пешниҳодгардида вакилон қарорҳои даҳлдор қабул карданд.
Дар кори иҷлосия сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдулло Мансуров бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок ва баромад.
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ҷиҳати амалисозии масоили муҳокимагардидаи иҷлосия ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум (даъвати панҷум) баъди садо додани Суруди миллӣ ба охир расид.