30 Октябр 2015
30 октябри соли равон дар шаҳри Қайроққум, дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни 21 – умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдоди фараҳбахше ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷониби Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва роҳбари ширкати «Ал - Шафар» Ҷаноби Аҳмад-ал-Шафар санги асос барои бунёди мактаби санъати бачагона гузошта шуд.
Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум дар назди иштирокчиёни чорабинӣ суханронӣ кард. Раиси шаҳр оғози иншооти фарҳангиро ба кулли сокинони шаҳр муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта 10 фоиз зиёд пешбинӣ намуда буд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум низ дар ин самт тадбирҳои зиёдеро бо ҳадафи вусъати соҳа амалӣ карда истодааст.
11 октябри соли 2012 бо иқдоми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ал-Шафар» аз Аморати Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Қайроққум санги асос барои бунёди Маркази ташхисӣ ва табобатӣ гузошта шуд. 3-юми апрели соли 2014 бо иштироки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии ба номи Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт. Муассисаи тиббӣ бо харҷи қариб 2 миллион доллари амрикоӣ бунёд ва бо 21 намуд таҷҳизотҳои навтарини ташхис ва табобатии замони муосир таъмин буда, дорои 14 ҳуҷра мебошад ва дар он наздики 20 нафар бо кори доимӣ алҳол таъминанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ба сармоягузорону созмондиҳандагони чунин амалҳои хайр арзи сипос менамояд, ки онҳо ҳамкориро баҳри вусъати соҳаи иҷтимоӣ бо Тоҷикистони соҳибистиқлол густариш медиҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати даҳ соли охир танҳо барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ равона кард. Далели ин гуфтаҳо ифтитоҳи боғи Хоҷа Камол дар шаҳри Хуҷанд ва пайкараю Қасри фарҳанги Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ мебошад, ки бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар мавриди амал қарор гирифтанд.
Дар соли рушди фарҳанг дар шаҳри мо низ ба пешбурда соҳаи фарҳанг эътибори хоса дода, як қатор тадбирҳо маврида роҳандозӣ қарор гирифтанд. Таъмиру таҷдиди бинои мактабҳои мусиқии бачагона дар Ҷамоати шаҳракҳои Адрасмону Консой, ифтитоҳи маркази фарҳангии «Ҳидоят» дар Консой ва ба истифода дода шудани Боғи фарҳангу фароғатии «24 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз зумраи ин иқдомҳо ҳастанд, - афзуд Раиси шаҳр.
Боиси хушнудист, ки ширкати арабии «Ал-Шафар» азм гирифтанд бо ҳидояти Сарвари давлат бинои мактаби санъати бачагонаро дар шаҳри Қайроққум бунёд намоянд. Мо ба роҳбари ширкати номбурда Ҷаноби Аҳмад-ал-Шафар арзи сипос менамоем, ки ҳамкориро сол то сол бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшанд. Чунин самти ободкориву созандагӣ дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бо ҳадафи асосии тараққиёти минбаъдаи тамоми соҳоти хоҷагии халқи мамлакат муайян гардидааст, - дар интиҳои суханронӣ таъкид дошт Матлубахон Амонзода.