Матни равон

Дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи нави таҳсилоти миëнаи умумии рақами 74-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.

Муассисаи нави таълимӣ барои 840 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, масоҳати умумии заминҳои он як гектарро ташкил медиҳад.

Бинои таълимӣ аз се ошëна бо 14 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, иборат мебошад.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёнияти замонавӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва дастгоҳҳои озмоишӣ таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад.

Дар ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ 16 компютери муосир насб гардидаанд. Дар китобхонаи анъанавӣ ва ҳам электронӣ асосан адабиёти фаннӣ ва бадеӣ мавҷуд мебошанд. Китобхона дар ошëнаи дуюми бинои дигари иншооти навбунёд ҷой дода шудааст.

Дар ошëнаи якуми бино, толори варзиш ташкил гардида, бо лавозимот барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва мусобиқаҳои тан ба тан таъмин мебошад.

Гармӣ дар муассиса тавассути дегхонаи алоҳида ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда мешавад.

Дар долон, синфхонаҳо ва атрофи муассисаи таълимӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, раванди таълим пурра таҳти назорат қарор дода мешавад.

Атрофи иншоот дар масоҳати 400 метри мураббаъ бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб дода шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш гардидаанд.

Сокинони деҳаи Сангтӯда иброз медоранд, ки аз сабаби дур будани муассисаи таълимӣ қаблан хонандагон душворӣ мекашиданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ мушкилии онҳо аз байн рафт.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюми сохтмон бунёди боз як бинои дигар ба нақша гирифта шуда, дар он ҷойгир намудани маҷлисгоҳ бо 200 ҷои нишаст ва ошхона барои 80 нафар дар назар аст.

Муассисаи навбунёди таълимӣ бо хати алоҳидаи барқ таъмин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз сохтмончиён иҷрои пурраи корҳои боқимондаи сохтмониро дар асоси лоиҳаи пешбинишуда талаб намуданд.

Омӯзгорону хонандагон барои бунёди чунин муассисаи таълимии зебову замонавӣ дар доираи таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Роҳбари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2764
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14944
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48543
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690463

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?