Матни равон

Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулода барои соли 2021 ва фармони сардори мудофиаи гражданӣ-Раиси шаҳр №2 аз 9-уми  апрели соли 2021 санаи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузарониданида шуд.

Дар чорабинии мазкур 700 нафар хонандагон 80 нафар омӯзгорон директорон, омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, раиси ҷамоати шаҳрак ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуданд. Ибтидо дар саҳни муассиса чорабиниро ифтитоҳ бахшида шуд. Сипас дарсҳои кушод дар синфҳои 2-6 дар мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, озмуни расми беҳтарин оид ба ҳолатҳои фавқулода, усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва дар байни синфҳои 6 викторина доир ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуд. Баъдан бонги хатар садо дод ва хонандагон бо риояи дурусти амалҳо ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд.

Гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо оид ба хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, наҷот додани хонандагон расонидани ёрии аввалияи тиббӣ хомӯш намудани сухтор муҳофизат намудани гирду атрофии бино ва дастгир намудани ғоратгарон дар муассиса бо пуррагӣ ба анҷом расониданд. Инчунин хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр амалҳои худро барои ҳамма алоҳида нишон доданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳои   хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома меёбад.

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:392
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2819
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7159
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:16075
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7748465

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?