Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Сию панҷ сол муқаддам дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фалокате, садамае ба вуқӯъ пайваст, ки он ҳар як фарди соҳибидрокро бетараф нагузошт. Ин фоҷиа дар Неругоҳи барқи атомии Чернобил рух дод. Он рӯзи пурдаҳшат 26-уми апрели соли 1986 буд. Дар натиҷаи таркиш дар блоки чоруми Неругоҳи атомӣ ба атмосфера 60-80 тонна сӯзишвории атомӣ партофта шуд.

Дар ин лаҳзаҳои мудҳиш сокинони Тоҷикистон низ худро дар канор нагирифта, баҳри мадад ба сокинони офатдида ва тоза намудани минтақаи зарардида бо амри дил тавассути комиссариатҳои ҳарбӣ ва идораҳои сохтмонӣ шитофтанд.

Агар ба таърих рӯ оварем дар ҷаҳон дар асри ХХ хатари ҷиддии радиоактивӣ ба миён омад. То ба имрӯз инсоният се фоҷиаи заҳролудшавиро аз моддаҳои радиоактивӣ аз сар гузаронидааст. Нахуст таркиши бомбаи атомии соли 1945, ки дар натиҷаи ҳуҷуми ҳарбии Иёлоти Муттаҳидияи Амрико ба шаҳрҳои Нагасаки ва Херосимаи давлати Япония ба амал бароварда шуда буд.  Дуввум, садамае, ки 26-уми апрели соли 1986 дар блоки чаҳоруми Неругоҳи барқи атомии Чернобил ба вуқӯъ пайваст. Фоҷиаи дигаре, ки 11-уми марти соли 2011 дар Неругоҳи барқи атомии Фукусимаи Япония ҳангоми заминҷунбӣ рух дод ба ҳисоб меравад. Ҳар як ин фоҷиа ба сари миллионҳо одамон кулфату харобкории зиёдро оварданд.

Аз рӯи маълумоти «Иттифоқи Чернобилчиён»-и Тоҷикистон бо даъвати комиссариатҳои ҳарбӣ дар солҳои 1986-1991 беш аз 4500 сарбози эҳтиётӣ, аз ҷумла аз шаҳри Гулистон 50 нафар барои рафъи оқибати марговари Чернобил сафарбар карда шуда буданд. Инчунин  зиёда аз 1000 нафар ҷавонони тоҷик, ки ҳангоми адои хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ буданд, барои рафъи оқибатҳои фалокат ба Чернобил сафарбар гардиданд. Онҳо низ дар баробари сарбозони миллатҳои дигар мавзеъҳои бекасу шуохӯрдаро аз моддаҳои радиоактивӣ тоза карда, атрофиёнро аз ин заҳри қотил наҷот доданд.

Баҳри ҳифзи иҷтимоии чернобилчиён қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июни соли 1991 ва фармоиши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз 11-уми июли соли 1992 ба тавсиб расида буд.

Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 5-уми марти соли 2007 таҳти №242 «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки  бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба имзо расидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ҳамеша барои фароҳам овардани шароити хуби зисту зиндагонӣ, табобату истироҳат ва ҳифзи ҳуқуқҳои чернобилчиён  пайваста кӯшиш менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар навбати худ ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии чернобилчиён аҳамияти хосса дода, дар ин раванд минбаъд низ чорабиниҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад намуд.

Бори дигар ба шуҷоату матонати Шумо, фидокорӣ ва садоқатмандии Шумо изҳори миннатдорӣ менамоям.

Бароятон саломативу тандурустӣ, сарсабзиву сарбаландӣ ва дар рӯзгори ҳар яки Шумо тинҷиву осудагӣ ва барору комёбиҳо таманно менамоям.

Бигузор ҳамеша саодатманд ва некрӯз бошед!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:723
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11774
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5089
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737479

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?