Матни равон

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз минтақаи саноатии шаҳри Гулистон боздид ба амал овард. Дар ибтидо аз КВ “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” дидан карда, зимни суҳбат қайд намуд, ки соҳаи геология яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа буда, маҳаки асосии рушди саноату иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ геологияти тоҷик ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Замони соҳибистиқлолӣ, дар партави супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳа фаъолият намуда, баҳри кашфиётҳои нав ба нави ганҷҳои нуҳуфтаи кишвар ва муайян намудани сифат ва захираи канданиҳои фоиданоки гуногун амал мекунанд.

Ҳамчунин аз фаъолияти истеҳсолии ҶДММ “Гранит-1” дидан намуд. Қайд гардид, ки дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 ҶДММ “Гранит-1” мунтазам истеҳсолотро ба роҳ монда, дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,7 фоиз, шумораи коргарон 6 нафар аз соли қаблӣ як нафар зиёдро ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур асосан маҳсулотҳои ширеш, грунтовка, гаҷ ва эмулсия истеҳсол менамояд.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръат дар давраи ҳисоботӣ ду корхонаи нави саноатӣ: ҶДММ “Гулистони Аҷам” бо иқтидори истеҳсолии 24 тонна хӯроки чорво дар як шабонарӯз ва  “Мурғи дастрас” барои парвариши  20 ҳазор сар мурғ бо таҷҳизоти замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ба масъулини корхонаҳои саноатии минтақаи саноатии шаҳр дастур дода шуд, ки ҷиҳати ободонии гирду атрофи корхона, рангуборкунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани намои зоҳирии корхона аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни таърихӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:272
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13138
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4638
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737028

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?