Матни равон

Имрӯз Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳраки Сирдарё боздид ба амал овард.

Дар ибтидо Раиси шаҳр аз нуқтаҳои сӯзишвории шафати роҳи асосии ҳудуди шаҳрак дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр ҳамагӣ 8 нуқтаҳои хизматрасонии сӯзишворӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, ба масъулини марказҳои фурӯши сӯзишворӣ доир ба саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва рангубори атроф супоришҳо дод.

Баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни таърихӣ – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё бунёди 19 иншооти ҷашнӣ ба қайд гирифта шуда, 14-тои он ба истифода дода шудааст ва дар 5 иншооти дигар корҳо бомаром идома доранд. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода баҳри босифат ва саривақт ба иҷро расонидани нақшаи иншооти ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Сирдарё қабули шаҳрвандон доир гардид.

Дар қабули шаҳрвандон, сокинон оид ба масъалаҳои системаи гармидиҳӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, вазъи экологӣ, корҳои гигиенӣ масъалаи хонаи истиқоматӣ, корҳои ободонӣ ва таъмин намудани шаҳрвандон бо хатсайр муроҷиат намуданд. Раиси шаҳр ҷиҳати ҳалли мушкилот масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд.

Ҳамзамон, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба масъулини ҷамоати шаҳрак нисбат ба чора андешидан доир ба масъалаҳои ободонии шаҳрак, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва хоҷагии манзилию комуналӣ, ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлати кутоҳ супоришҳои мушаххас дод.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:840
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11891
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5206
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737596

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?