Матни равон

29-уми апрели соли 2021, соати 10:45 дақиқа, зимни муноқишаи сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҷурии Қирғизистон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди ҶТ - Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз, соати 11:30 дақиқа, бар асари тирпарронии шаҳрвандони ҶҚ шаҳрванди ҶТ Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.
Муноқишаи мазкур 28-уми апрели соли 2021, соати 16:00 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:743
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14075
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7390
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739780

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?