03 Май 2021
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ярмарка-намоиши либосҳои мактабӣ бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, ҷамоати шаҳракҳо, корхонаҳои дӯзандагии ҳудуди вилоят, шаҳр ва падару модарон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар ярмарка иштирок намуда, ба масъулин дастур дод, ки либосҳои мактабӣ бо сифати хуб ва нархи дастрас пешниҳоди хонандагон гардонида шавад.
Дар миқёси шаҳр корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ фаъолият намуда истодаанд ва имконияти истеҳсоли либоси маткабӣ дар корхонаҳо то соли хониши нав ба таври комил ба роҳ монда шудааст ва дар назар аст, ки хонандагон пурра бо сару либоси мактабӣ таъмин мегарданд.
Дар ярмарка-намоиш либосҳои мактабӣ, ки дастранҷи меҳнати коргоҳҳои дӯзандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Равшан” аз ҷамоати шаҳраки Консой, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди КД “Наргис” ва СИ “Раҳматов” аз шаҳри Хуҷанд, соҳибкорони инфиродӣ – “Замира” аз ҷамоати шаҳраки Адрасмон ва СИ “Мадина” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маърази тамошо гузошта шуданд.