16 Ноябр 2015
Дастоварди тозаи насри тоҷик
«Паёми Суғд», №9, 2015
Маводи таҳлилии адабиётшиноси маъруфи шинохта Атахон Сайфуллоев оид ба асари нави Анвар Мирзоҳакими Олим «Дар паноҳи чашмҳо», ки қиссаи мустанад аст, рӯи чоп омадааст. Тавре А.Сайфуллоев ишора мекунад муаллиф баробари рӯ овардан ба ҳаводиси рӯзгор ва манзараҳои гуногунмазмуни ҳаёт, ки ҳама инъикоси ҳақиқати таърихӣ, воқеияти реалӣ мебошанд, инчунин нависанда аз заминларзаи Қайроққум ва ҷанги бемаънии тоҷикон ёдовар шудааст.
Фикри муфиде ба миён меояд, ки инсон дар муҳити ҳаводиси табии харобиовар ва ҷанги оламсӯз ҳеҷ аст, қадру қимате надорад. Аз ин лиҳоз ба қадри ҳаёти осоишта расида, ба ҷойи хусумату қудурат ва душманӣ дӯстию муҳаббат варзидан беҳтар аст. Қиссаи «Дар паноҳи чашмҳо» яке аз беҳтарин бозёфтҳои насри муосири тоҷик аст.