Матни равон

12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест”-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат ба фаъолияти ин коргоҳи истеҳсолӣ, ки аз тарафи соҳибкор Илҳом Рабиев бунёд гардидааст, оғоз бахшида, кори иншоотро дар шароити имрӯзаи бозори истеъмолӣ судовар маънидод карданд.

Коргоҳи коркард ва истеҳсоли  равған бо маблағи 21,1  миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои воридори технологияи истеҳсолӣ 14,5 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Корхонаи мазкур дар пайгирӣ аз сиёсати бунёдкории роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сохта шуда, нишонаи татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар дониста мешавад. Иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва офтобпарастро ташкил медиҳад. Корхонаи равғанбарорӣ ягона сехи инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин ҷо истеҳсоли равғани покгардонидашуда дар чанд марҳила, ба монанди  раванди безараргардонӣ, сафедкунӣ, сарднамоӣ ва банду баст намудани онҳо ба роҳ монда шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор дастур доданд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда тариқи ташхиси ҷиддии озмоишгоҳӣ ва дигар равандҳои ҳатмии истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад.

Тазаккур дода шуд, ки оғози истеҳсолот, аз покгардонии равған сурат мегирад, ки он дар навбати худ, аз 4 марҳила иборат аст.

Дар корхонаи нав 100 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин карда шуданд. Аксарияти коргарон аз марҳилаҳои омӯзишӣ гузашта, дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкор Илҳом Рабиевро, ки тавассути ҳисси баланди меҳандӯстӣ тавонист дар ду корхонаи нави саноатӣ 300 ҷойи нави корӣ ташкил намояд, намунаи ибрат хонданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:889
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13302
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91689
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631534

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?