Матни равон

Имрӯз 23-юми ноябр дар шаҳри соҳили «Баҳри Тоҷик» тантанаҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ баргузор мегарданд. Маркази шаҳр ва Ҷамоати шаҳракҳо намуди идона ба бар гирифта бо шиору овезаҳо, Парчами давлатӣ оро ёфтаанд.

Нахуст кормандони шуъбаи хизматрасонӣ дар хона, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояту шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳо, соҳибкорону саховатмандон бо ҳидояти Раиси шаҳр табақаҳои ниёзманди аҳолиро бо тақдими маводҳои хӯрока аёдат мекунанд. Конфронсу шабнишинӣ ва озмунҳои гуногун дар ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ доир хоҳанд шуд. Арзи эҳтироми худро ҷомеаҳои меҳнатӣ, толибилмону устодон ва варзишгарон ба ин муқаддасоти миллӣ бо замзамаи таронаи Ваҳдат, шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва ватандӯстиву ватандорӣ дар кӯчаи марказии шаҳр бо  роҳпаймоӣ баён мекунанд.

Сипас дар Кохи Истиқлол баъди садо додани Сурурди миллӣ ҳамоиши идона бо муборакбодии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оғоз меёбад. Дар идомаи сухани табрикии хеш Раиси шаҳр таманно намуд, ки бигузор Парчами нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини шаҳр меҳру эҳтиром ба Ватани маҳбубро афзун гардонида, дар фазои озоди кишвар парафшонӣ намояд.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилангези аҳли ҳунари бахши фарҳанг идома ёфта, он ба тантанаи ваҳдат, дӯстиву ҳамраъйӣ ва ягонагии халқу давлат табдил мегардад.  Рӯзҳои 24 ва 27 ноябр бошад барномаҳои рангини консертии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, Орзугул Хуҷамова ва бародарон Ҳасан ва Ҳусейн Набиевҳо ба ифтихори ҷашн табъҳоро болида хоҳад сохт. Нашрияи шаҳрии «Соҳил» бошад шумораи идонаро бо муборакбодии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва маводҳо бахшида ба моҳияти Парчам дарҷ намудааст.

Ҳамин тавр чорабиниҳои Рӯзи Парчам ба руҳияи боз ҳам баландтари арҷгузорӣ ба арзишҳои бузурги миллӣ дар қаламрави шаҳри Қайроққум таҷлил гардида, бошандагонро болидахотир месозад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:10911
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:25438
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47362
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8256874

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?