25 Ноябр 2015
Моҳи ноябр дар шаҳри Қайроққум сафи ҳизбиён то ба 500 нафар зиёд гардид. Вохӯрии зиёди аъзоёни КИ шаҳрии ҲХДТ ва гурӯҳи тарғиботӣ дар ташкилоту корхонаҳо самар меорад.
Дар чорабиниҳо мардум мақсаду мароми Барномаи ҳизбро дарк карда, онро эътироф ва ин обрӯву нуфузи ҲХДТ-ро дар қаламрави шаҳр боз ҳам фузун месозад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҶМ ТКММ “Апрелевка”, ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон”, ҶММ “Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой”, “Маркази тарбиявӣ”, Маркази саломатӣ ва “Зарчашма” хуб ба роҳ монда шудааст.