Матни равон

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон субҳи имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970  «Дар бораи Низомномаи мудофиаи ҳудудӣ» ва нақшаи кории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 имрӯз бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 16-ум ва 22-юми июли соли ҷорӣ, дар ҳудуди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ба нақша гирифта шудааст, чорабинии омодабошии ҳолати ҷангӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳисоботи Комиссари комиссариати ҳарбии шаҳрро дар бораи омодабошии ҳайати шахсӣ қабул намуда, пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қушӯнҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангиро дар бар мегирад.

Раванди ҷаҳонишавӣ сабаби пайдо шудани зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар равияҳо барои инсоният хатарнок гардид.

 

Таҳлили вазъияти ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки то ҳол омилҳое мавҷуданд, ки метавонанд ба рушди босуботи кишвар таъсири манфӣ расонанд.

Ҳамчунон таъкид карда шуд, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан, авзои Афғонистони ҳамсоя, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд».

Вобаста ба ин, аз ҳайати шахсӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ки баҳри таъмини иҷрои ин уҳдадорӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои шукуфоӣ ва рушду нумуи кишвари азизамон доимо дар талош бошанд.

Дар чорабинии мазкур аъзои ситоди ҳолатҳои омодабошии ҷангӣ, ҳайати захиравӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва дар маҷмӯъ беш аз 500 нафар иштирок намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:475
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12888
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91275
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631120

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?