01 Декабр 2015
Дируз, 30 ноябр Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум машварати корӣ доир намуд. Ҷобаҷогузории кадрҳо дар шуъбаю бахшҳои МИҲД мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сармутахассиси бахши умумӣ оид ба назорат ва муроҷиати шаҳрвандон Шарифа Отаҷонова, роҷеъ ба назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаю бахшҳо ба шумор меравад баромад кард. Дар ёздаҳ моҳи соли 2015 85 мактуб аз мақомотҳои ҷумҳуриявӣ, 506 мактубҳои вилоятӣ, 93 қарорҳои Раиси вилоят ворид гардида, дар асоси онҳо 46 қарорҳои Раиси шаҳр ба тасвиб расида, таҳти назорат қарор дорад, - зикр намуд баромадкунанда.
Сокинони шаҳр бояд ба арзу ниёзи худ ба таври ҳамешагӣ саривақт посух гиранд ва ин тарзи муносибат боварии мардумро ба ҳукумати маҳаллӣ қавӣ мегардонад, таъкид дошт Матлубахон Амонзода.
Раис шаҳр, ҳамчунин дар хусуси таъмини босифати нақшаи қисми даромади андоз, донистани забони давлатӣ, эътибори ҷиддӣ ба ҳуҷҷатнигорӣ, беҳбудӣ ба иҷро ва таъмини Барномаҳои миллию давлатӣ, бартарафсозии қарзи музди маош, таҳлили мушаххаси бозмонии фаъолияти баъзе корхонаҳои саноатӣ, додани қувваи барқ ба аҳолӣ тибқи реҷаи тақсимот, вусъат додани касбомӯзии занону духтарон, таъсиси муассисаҳои нави илмомӯзӣ ба монанди литсей, мактабҳои хусусӣ, таъмини зинаҳои моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба фориғболии баъзе аз омӯзгорон дар равиши машғулиятҳо, ғайримақсад истифода набурдани маблағҳои буҷетӣ, камкунии қарзи бақияи андоз ва ғайра сухан ронд. Дар раванди корҳои созандагиву ободкорӣ, ниҳолу гулшинонӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Дар рафти ҷаласа Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз масъулин дар иртибот ба камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, раисони Ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини саривақтии самаранокии самтҳои фаъолият дар ҷамъбасти соли 2015, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, омодагии комил ба зимистонгузаронӣ ва амсоли инҳо ҷиддан муваззаф намуда, дастуру супоришҳо дод.