04 Декабр 2015
Дар ноҳияи Ғончӣ бо ширкати наздик 20 нафар кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд озмуни «Китобдори беҳтарини сол - 2015» баргузор гардид.
Озмун аз рӯи панҷ шарт ҷараён гирифта, ширкаткунандагон малакаи касбаи худро ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати рисолати китобдорӣ ба ҳакамот нишон доданд.
Масъули толори хониши китобхонаи шабакаи марказонидашудаи шаҳри Қайроққум Кифоят Мирзоқулова нисбат ба дигарон ба озмун бо омодагии ҳамаҷониба ҳозир гашта, шартҳои озмунро дар сатҳи ҷавобгӯй ба талаботи ҳакамот ба иҷро расонида соҳиби мукофоти асосӣ- «Шоҳҷоиза» гашт. Маврид ба ёдоварист, ки ин дуюмин шоҳҷоизаи Кифоят дар озмуни вилоятист.
Кифоят Мирзоқуловаро кулли ҳамкорон бо ғолибият шодбош гуфта, барояш пирӯзиҳои тоза хоҳонанд.