Матни равон

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Узбекистони дӯст ва дар симои ӯ мардуми бародари узбекро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд.

Дар ин замина Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Узбекистонро тайи солҳои сипаришуда дар роҳи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва шукуфоӣ зикр карданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон, инчунин якчанд  масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи Афғонистон баррасӣ намуданд. Ҳамчунин масоили омодагӣ ба саммити қарибулвуқӯи СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Президентҳо ҷонибдории худро аз густариши минбаъдаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Узбекистон бар манфиати халқҳои ду кишвар, ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба тасдиқ карданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1220
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6390
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12986
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20594
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47668
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9501145

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?