08 Сентябр 2021
Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнат Ҳабиба Камолова ва Надеҷда Раҳматуллаевна аёдат карда шуданд.
Ба собиқадорон маводи хӯрокаи ниёзи аввал тақдим карда шуд. Собиқадорони меҳнат аз ин амал саршори шодӣ гардида, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хидмати содиқона ба халқу Ватан ва дастгирии ҳамешагии ниёзмандон изҳори самимии миннатдорӣ баён намуданд.
Аёдати собиқадорон дар остонаи ҷашнвораҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дастгирии ниёзмандон амали хайру эҳсон мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи ҳамагуна ҷашнҳо собиқадорони меҳнатро ба аёдат фаро мегирад.