09 Декабр 2015
4 декабр пешорӯи бахши фарҳанг ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ташкил карда шуда, ба шаҳрвандон имконият фароҳам овард, то ҷойҳои корӣ дарёфт намоянд.
Тавре сарвари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Қайроққум Ғолибҷон Юлдошев иттилоъ дод соли равон дар қаламрави шаҳр 14 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд.
Соли ҷорӣ 1855 ҷойи нави корӣ бо қайд гирифта шуд, ки қисми асосии онҳоро ҷойҳои кории мавсимӣ ва муваққатӣ ташкил медод.
Дар натиҷа 42 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин, 16 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб ва 75 нафар хоҳишмандон аз ҳисоби ҷавонону духтарон фарогири курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии ройгон гардиданд. Дар ҷараёни баргузории ярмаркаҳо ҳамчунин ба муроҷиаткунандагон ёрии ҳуқуқӣ расонида шудааст. Айни замон 857 нафар шаҳрвандон ҳамчун бекор дар қайди шуъбаи Агентӣ қарор доранд.