Матни равон

Имрӯз ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон дар асоси нақшаи  чорабиниҳо ба хотири истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди иншоот нахуст бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр мебошад ва он бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллиро бо садо додани Суруди миллӣ парафшон намуданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон  35 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 7200 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Иншоот бо зиёда аз 500 адад ниҳоли гуногуни ороишию ҳамешасабз ва дар масоҳати 200 метри мураббаъ  бо гулҳои рангоранг оро ёфта, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудаанд.

Роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш карда шуда, дар маркази майдон  фаввораи рангоранги диққатҷалбкунанда бунёд гардидааст.

Корҳои паймонкорию сохтмониро дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мега-Техника- Иншоот” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Парафшонии Парчами миллӣ ва бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон баробари таъмини зебоии мавзеъ ҳамчунин омили муҳим дар самти бедор кардани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии ҳар як сокин, хосса наврасону ҷавонон  мебошад.

Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо мақсади таъмини истироҳати хубу бофароғати сокинону меҳмонон ҳангоми шабона 34  чароғак ва 12 адад равшанидиҳандаи 12-метра гузошта шудааст.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:190
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15220
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20249
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:11500
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8756227

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?