24 Сентябр 2021
Тибқи нақша дар 43 ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву идораҳои шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Забон ҳастии милат аст” баргузор гардид.
Дар баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хайринисо Раҳимова, собиқадори соҳаи фарҳанг ва Мирзоаъзам Махсудов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Шуълаи умед” иштирок намуданд.
Аз ҷумла, дар бахши фарҳанги шаҳр ва коллеҷи тиббии шаҳр тарғиботчиёни вилоятӣ ва шаҳрӣ иштирок намуданд. Зикр гардид, ки забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи он дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо мебошад. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасоти миллат ҳамеша маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. 22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми ноябри соли 1995 таҳти рақами 662 «Дар бораи таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ёфт.
Соли 2008 бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардида, ин иқдоми накӯ, хеле саривақтӣ ва нишонаи ғамхории беназир буда, боз як далели арҷгузории фарҳанги миллӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми ноябри соли 1997 таҳти рақами 459 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид ва баъдан дар таҳрири нав санаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, 647 “дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” ба тасвиб расид, ки дар оянда низ барои густариш, ҳифз ва нигоҳдории аслият ва покии забон нақши бориз хоҳад дошт.
Ҳамчунин, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ” дар таҳрири нав омода гардида, аз 30 июни соли 2021, №268 ба тасвиб расид. Ба тасвиб расидани “Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ” баҳсҳои зиёд ва харҷу мараҷҳои дар забон вуҷуддоштаро ба охир расонид.
Дар фарҷом доир ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат” ба ҳозирин иттилоот дода шуд.