Матни равон

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа ҳамчунин бинои нави Нозироти андозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Нозироти андоз туҳфаи арзандаест ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони мақомоти андоз, соҳибкорон ва сокинони ноҳияи Роштқалъа.

Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 692 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 35 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» буда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орз-1» мебошад.

Бинои нави Нозироти андоз аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ, терминал ва шуъбаи бақайдгирӣ ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм дорои маҷлисгоҳ, утоқи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, ки ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар бино ҳамчунин толори алоҳидаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет аз хизматрасониҳои мақомоти андоз истифода баранд, аз ҷумла, эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.

Пешвои муаззами миллат аз фароҳам гардидани имконияти муосир дар ноҳияҳои дурдаст изҳори қаноатмандӣ карда, масъулинро ба хизмати содиқонаю софдилона ҳидоят намуданд.

Дар навбати худ кормандони мақомоти андоз аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ дар бинои нави Нозироти андоз изҳори сипос карда, Президенти мамлакатро бовар кунониданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо беҳтар фаъолият мекунанд ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба ҷамъоварии саривақтии андозҳо, дар сатҳи баланду муосир анҷом додани хизматрасонии андозӣ ба шаҳрвандону соҳибкорон равона менамоянд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:48
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15078
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20249
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:11358
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8756085

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?