Матни равон

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Роштқалъа”-и ноҳияи Роштқалъа хати нави оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Дар ин маросим, ки бо иштироки аҳолии деҳоти мазкур дар фазои хушҳоливу хурсандӣ доир гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии шаҳраки Медони деҳоти “Роштқалъа” аз ободониву хуррамӣ ва шукуфоиҳои бештар мужда расониданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хати оби нӯшокиро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаву некпай — 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони шаҳраки Медон арзёбӣ карданд.

Корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2019 шурӯъ шуда буданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ аз ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки шаҳраки Медон 11 деҳаро дар бар мегирад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби нӯшокӣ деҳаҳои Савир, Медон ва кӯчаи Ҷавонони шаҳрак, дар маҷмӯъ 171 хоҷагӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Қаблан аҳолии деҳаҳои мазкур аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Инак, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ ин мушкилии сокинон ҳалли худро пайдо кард.

Татбиқи лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ ҳамчунин имкон фароҳам овард, ки дар маркази шаҳраки Медони ноҳияи Роштқалъа тамоми биноҳои маъмурӣ, мактабу беморхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гарданд.

Лозим ба зикр аст, ки хати оби нӯшокӣ аз масофаи 11,5 километр ба маркази деҳоти Роштқалъа — шаҳраки Медон оварда шудааст. Лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ татбиқ шудааст. Пудратчии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бадахшон Интернешнл” мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол дар кишвар дастрасии аҳолии деҳот ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида, мушкилоти ҷойдошта бартараф мегардад. Ин иқдомҳои созанда махсусан ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ авҷи тоза пайдо карда, муваффақона амалӣ шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:11
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15041
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20249
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:11321
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8756048

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?