01 Октябр 2021
Дар толори мактаби санъат мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати тарғибу ташвиқ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми динӣ бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Сипас, котиби илмии Муассисаи давлатии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков, сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллоалӣ Алиев, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят Суҳроб Рустамзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ дар давоми 30 сол, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ, роҳҳои мубориза бо зуҳуроти терроризиму экстремизми динӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ суханронӣ намуданд.