Матни равон

Дар толори бахши фарҳанги шаҳр бахшида ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода номаи табрикотии Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ манзур намуд. Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуданд.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва тасдиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО соли 2007 дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ботантана таҷлил карда шуда, адолати таърихӣ нисбати ин ҳакими бузурги давру замонҳо барқарор карда шуд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар густариши фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад. Осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» фароҳам омадаанд. Мақоми ин суханвари беназир ончунон баланд аст, ки ҳамагон ӯро бузургтарин шоири ҷаҳон, барҷастатарин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ва монанди ин ба қалам додаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки шинохти Мавлоно хусусиятҳои ҷолиберо бозгӯ менамояд: “Шинохти  Мавлавӣ вежагии хос ва ҷолибро возеҳ месозад: он пайванди ниҳоят наздик ва амалан ногусастании таълимоти ӯ бо рафтор ва амалии иҷтимоӣ мебошад. Мутафаккир аз ганҷинаи бекарони ҳикмат ва хиради халқи худ ва мардумони дигар ҳикоёт, достон, ривоят, қисса, масал, ибороти муъҷаз, ҳунарҳои гуногун  ва гӯиши тарзи баёнро эҷодкорона истифода намудааст ва нигоришу баёни худро бо назокату ҷаззобияти онҳо таровиш додааст. Бар асари ин корбурд осори Мавлоно ба қалби ҳазорон ва миллионҳо ҳамнаво ва ҳамроз гардидааст, сухани ҳикматбор ва ибратомӯзи ӯ вирди забонҳо ва сармашқи амал шудааст, худи ӯ муршиди маънавӣ ва ахлоқӣ гардидааст”.

Сипас, Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр доир ба рӯзгор ва мероси гаронмояи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ суханронӣ намуданд.

Баъдан, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №14, гимназияи №1 ва хонандагони фаъоли китобхона аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат намуда, аз рӯзгори шоир саҳанаҳо намоиш доданд.

Дар фарҷом санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр аз эҷодиёти шоир таронаҳо суруда, табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:132
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23474
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:77027
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7718947

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?