Матни равон

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Фаронса бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, тамоми кормандони ЮНЕСКО-ро ба муносибати 75-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон табрику таҳният гуфтанд.

Аз талошҳои муштараки Тоҷикистон ва ЮНЕСКО давоми солҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардид, ки номинатсияҳои “Наврӯз”, “Шашмақом” ва “Чакан — санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва номинатсияи Ҳулбук бо номи нав, яъне “Ҳулбук — пойтахти Хатлони қадима” ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳоло номинатсияҳои “Ҷашни Меҳргон”, “Санъати кашидадӯзӣ”, “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ”, “Рубоб”, “Бозиҳои бачагона” ва “Латифаҳои Хоҷа Насриддин аз ҷониби Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар кишварҳо ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Номинатсияҳои миллии мо “Фалак” ва “Атлас ва Адрасбофӣ” низ тибқи талаботи ЮНЕСКО омода гардида, барои баррасӣ дар соли 2022 пешниҳод гардидааст.

Ба туфайли талошҳои муштарак дар Тоҷикистон соли гузашта ҷашнҳои бошукӯҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардиданд.

Таъкид шуд, ки муаррифии хуби фарҳангу таърих бештар ба самти сайёҳӣ алоқаманд мебошад. Дар ин зимн, лоиҳаи ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони “Долони мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон — ҷанбаи байналмилалии соли аврупоии мероси фарҳангӣ” муҳим арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот Лоиҳаи ЮНЕСКО таҳти унвони “Илм, технология, муҳандисӣ, риёзӣ (STEM) ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ICT)”, Барномаи иштироки ЮНЕСКО дар ҳалли масъалаҳои баробарии гендерӣ, таҳсил дар давраи COVID, технологияҳои компютерӣ ва “Барномаи мутахассисони ҷавон”-ро, баррасӣ карданд.

Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили марбут ба об таъкид шуд, ки Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО (IHP) яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар самти пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии мо мебошад.

Зимни мулоқот баргузории Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса, натиҷагирӣ карда шуд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:516
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4070
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10813
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40778
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7682698

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?