Матни равон

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирон бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Белорус сафари кори анҷом доданд.

Дар раванди вохӯриҳои тарафайн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Леонид Заятс мулоқот кард.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва афзун намудани мубодилаи молу маҳсулот ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Вилояти Суғд бо вилояти Могилёв муносибатҳои дерина дошта, шаҳрҳои Хуҷанду Могилёв бародаршаҳр ва робитаҳои гуногунҷанбаи ду вилоят дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар навбати худ Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Леонид Заятс тадбирҳои мазкурро аз ҷумлаи қадамҳои устувор дар роҳи ӣамкориҳои дуҷониба маънидод кард.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки доираҳои соҳибкории ҳарду вилоят пас аз форуми XII байналмилалии сармоягузорӣ, ки дар шаҳри Могилёв рӯзи 5 ноябри соли 2021 барпо гардид боз ҳам беҳтар ба роҳ монда мешавад.

Намояндагони шаҳри Гулистон низ дар ин сафари расми таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода иштирок намуда, ҳамкориҳои хуберо дар самти рушди саноат роҳандози намуданд.

Бо яке аз шаҳрҳои саноатии Ҷумҳурии Белорус, Меморандуми бародаршаҳри байни шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва шаҳри Жодинои вилояти Минск баста шуд. Меморандуми мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва Раиси Кумиҷроияи шаҳри Жодино Дмитрий Васильевич Заблоцкий ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонии истеҳсоли нақлиётҳои бузургҳаҷми БЕЛАЗ маҳз дар ҳамин шаҳр қарор дошта, гуфтугуҳои тарафайн бо роҳбарияти ширкати мазкур низ сурат гирифт.

Заводи мошинбарории Беларус ба истеҳсоли мошинҳои борбардори аз 40 то 450 тонагӣ машғул буда, дар он 9000 нафар соҳиби ҷои корӣ мебошанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4036
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6629
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40228
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7682148

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?