Матни равон

16 ноябри соли 2021 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Раиси шаҳр иброз дошт, ки бо як ҷаҳон ихлосу самимият ва эҳтироми бепоён аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми саодатманди шаҳрро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони садоқат ва муҳаббати бепоёни мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба Пешвои маҳбуби миллат мебошад, зеро ба шарофати сиёсати оқилонаву ҳадафмандона ва ояндасози Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошта, рушди босуботи мамлакат таъмин гардидааст.

 

Зикр гардид, ки боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро чун кишвари соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳан, тавассути ташаббусҳо ва хизматҳои беназири Пешвои миллат чун миллати эҷодкору созанда мешиносанд ва ба мақому нуфузи Тоҷикистон дар раванди созандагӣ ва пешрафти ҷаҳони муосир арҷ мегузоранд.

Дар раванди ишора ба дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият қайд карда шуд, ки натиҷаҳои заҳмати шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо манфиати ин марзи муқаддас аст, балки барои минтақа ва ҷаҳон низ баҳои беназир доранд. Натиҷаи ҳамин ташаббусҳо ва талошҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки борҳо бо унвонҳои ифтихори сарфароз гардидаанд. Аз ҷумла санаи 6-уми августи соли 2021 дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва бо Қарори муштараки роҳбарони ин давлатҳо барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Дар қисмати бадеии чорабинӣ санъаткорони шаҳри Гулистон ва овозхонони машҳури вилоят бо суруду оҳангҳои зебо табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2653
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14833
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48432
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690352

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?